Табрикот ба рузи туй — туёна!

0
6

Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехохам домод ва аруси нозанинро ба муносибати ин рузи таърихии хаёташон табрик намоям. Аз Худои мутаъол мехохам то мухаббати ин ду навчавон човидони бошад. Бигзор хамеша дар бари якдигар хущбахт, гамхору мададгори хам бошанд. Хама пастию баландии зиндагиро дасти ба даст паси сар намуда то абад хамнафаси якдигар бимонанд.

— — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — —

Бароят май намехохам,ки май нушида мегардад,

Бароят гул намехохам,ки гул пажмурда мегардад.

Бароят бахт мехохам,ки хушбахти чахон боши,

Бароят тахт мехохам,ки шохи ошикон боши.

— — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — —

Эй аруси нозанин боғат муаттар мешавад,

Дар шаби туят сухан гуям , дилам тар мешавад.

Мон қадам бо устувор дар шоҳроҳи зиндагӣ,

Зиндагонии ҳақиқӣ баъд аз ин сар мешавад.

— — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — —


Барои ду ҷавон имшаб дари дил боз мегардад,

Тамоми рози бинҳуфта кунун иброз мегардад.

Дар ин гулшан, ки аз ишқу муҳаббат накҳате дорад,

Хушо бо булбули шайдо гуле ҳамроз мегардад.

— — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — —

Арусу шаҳ , Илоҳо шод бошед,

Ба гулбоғи ҳаёт озод бошед.

Дар оғӯши диёри ишқу армон,

Яке Ширин, дигар Фарҳод бошед.

— — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — —

Домоду арус ба ҳамдигар пир шавед,

Дар олами ишқи худ ҷаҳонгир шавед.

Аз чарх таманнои азизон ин аст,

Садсола шаведу баъд аз он пир шавед.

— — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — —

Чӣ зебою дилороед ҳарду,

Ба тан ҷону ба дил ҷоед ҳарду.

Ба пеши тахт ҳамчун моҳи тобон,

Чароғи қалб бар моед ҳарду.

— — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — —

Домоду арус гули боғу чамананд,

Тоҷи сару нури дидаи анҷумананд.

Чун пораи шеъри шоири олимақом,

Дар маҳфили ошиқон худ сарсухананд.

— — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — —

Шумо ду шохи гул,ду навниҳолед,

Шумо ду қатраи оби зулолед.

Аз ин рузу аз ин соат аз ин дам,

Барои ҳамдигар ҳаққу ҳалолед.

— — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — —

Эй шоҳи шаҳон аруси хушбахт муборак,

Эй моҳи ҷавон шоҳи сари тахт муборак.

Шаби васлу шарафмандӣ муборак,

Чунин шодию хурсандӣ муборак.

Дилогоҳию дилбандӣ муборак

Чу нахле гашата пайвандӣ муборак.

— — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — —

Дилдода бувад дар бари дилдор дар ин шаб,

Пайваста барад лаззати дидор дар ин шаб.

Пурфайз аҷаб базмгаҳи шоми арусӣ,

Домод бувад ҳамнафаси ёр дар ин шаб.

Аз дидаи мо хоб паридаст азизон,

То субҳ бимонанд ҳама бедор дар ин шаб.

Бигзор ки ин ҷуфти фавон бахт бубинанд.

Аз чеҳраашон бахт падидор дар ин шаб.

— — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — —

Субхи бахтат пурсафо бод хохарам,

Номи некат пурчило бод хохарам.

Чашми шахлоят набинад ашки гам,

Зиндагият пурнишот бод хохарам

— — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — —

Ин лаҳзаи ҷовидон муборак бошад,

Пайвастани ҳамдилон муборак бошад.

Ин лаҳза ду хонадон ба ҳам пайваста,

Пайванди ду хонадон муборак бошад.

Ду ахтари бахт дар замин гашта қарин,

Ду ахтари ҳамқарин муборак бошад.

Ҷисме ба ҷон расиду ҷоне ба ҷисм,

Бинед, ки ҷисму ҷон муборак бошад!

Эй азизон ба шумо туй муборак бошад,

Бандаи бахт дар ин куй муборак бошад.

Ба ҳама туякиён, ба ҳама хешу табор,

Ваҳдати ду гули хушбуй муборак бошад.

Қади домод чу шамшод ба паҳлуи арус,

Ба вай ин сарви суманруй муборак бошад.

Сухани гуфтаи мо туҳфаи туёнаи мост,

Сухани тутии хушгуй муборак бошад!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here