Хуриши сезар

0
133

Маҳсулоти лозима: Гӯшти мурғ — 200 грамм,

Барги салат — 1 бандча,

Помидори хурд — 4-5 дона,

Панирисахт — 75 гр,

Хлеби сафед — 3-4 пора,

Сирпиёз — 3 дандона,

Равғанизайтун— 3 қошуқ,

Намак,

мурч— мувофиқи табъ,

Тухм— 2 дона,

Ҳардал— 1 қошуқ,

Шарбатилимӯ— 2-3 қошуқ.

          Тарзи таҳия:

      Тамоми маҳсулоти даркориро омода созед. Тухмро дар оби ҷушон муддати 3-5дақиқа нигоҳ доред. Тухмро аз даруни оби ҷушгирифта, дар пиёлае шиканед ва ба он шарбати лимӯ, панири аз турбтароши сурохиҳояш хурд гузаронидашуда, ҳардал, 1 дандона сирпиёзи куфташуда омехта созед. Маҳлули тайёр шударо тавассути блендер лат занед. Хлеби сафедро ба пораҳои начандон калон реза карда, дар лаълии тафдон тунук кунеду аз болояш камее маҳлули аз равғани зайтун ва тухм омодашударо рехта, дар ҳарорати 180 дараҷаи тафдон 2дақиқа нигоҳ доред. Пораҳои хлеб бояд каме зардчатоб шавад. Гӯшти мурғро ба пораҳои ғафсияш 10-12 мм реза кунед. Гӯшти резашудаи мурғро дар оташи паст, дар равғани зайтун то пухтанаш бирён кунед. Чанд барги салатро ба пораҳои начандон калон реза карда, дар зарф ихӯришгирӣ тунук кунед. Аз болояш гӯшти пухтаи мурғ ва панири резаро тунук кунед. Помидорро мувофиқи табъи худ реза карда, ба хӯриш илова кунед. Аз болояш пораҳои сурхшудаи хлеброгузошта, соусеро, ки аз равғани зайтун, тухм, сирпиёз омода шудааст, ба хӯриш иловакунед. Хӯришро аралаш накарда, ба дастурхон гузоред.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here