Киссаи хазрати Нӯҳ (а)

0
4

                                                НӮҲ (а)
Қавми Нӯҳ муддати замони тӯлонӣ ба парастиши бутҳо машғул буданд ва бутҳоро ба унвони худоёне гирифта буданд, ки аз онҳо умеди ҷалби хайр ва дафъи шар аз худро доштанд ва дар зиндагӣ ҳар чизеро ба бутҳо бозмесупурданд ва бар ҳасби ҷоҳилияти хеш ва пайравияшон аз ҳавои нафс, онҳоро бо номҳои гуногун мехонданд. Гоҳе онҳоро Вадд, Сивоъ, Яғус ва гоҳе низ Яъуқ ва Наср меномиданд[4]. 
      Худованд Нӯҳ (а)-ро барои ҳидояти қавми худ фиристод. У марди фасеҳ ва гӯё, оқил ва фарзона ва дорои андешаи устувор буд. Худованд ба ӯ шикебоӣ ба ҳангоми муҷодала, тавоноии истифода аз далоили мухталиф ва бинише комил нисбат ба равишҳои қонеъ намудани афрод ато карда буд. У қавми худро ба сӯи Худо хонд, аммо онҳо рӯйгардон шуданд, аз азоби Илоҳӣ ононро бим дод, аммо онҳо худро ба кӯрӣ ва карӣ заданд, ба савоби Илоҳӣ ононро ташвиқ ва тарғиб намуд, аммо онон ангуштони худро дар гӯшҳояшон фурӯ бурданд ва такаббур варзиданд. Аммо Нӯҳ дар муқобили онон истод ва бо он муҷодала ва мубориза намуд, дар муқобили онон шикебоӣ ба харҷ дод ва фурсати кофӣ ва тӯлонӣ дар ихтиёри онон гузсшт. Дар даъваташ суханони ширин ба кор бурд ва умедворияш ба имон овардани онҳо заъиф нашуд ва нагузошт, ки ноумедӣ ба қалби ӯ сироя  кунад. Балки шурӯъ ба эҷоди гуногунй дар равишҳои даъват ба сӯи Худо кард ва дар расондани рисолаташ талоши зиёде ба харҷ медод ва дар шабу руз ниҳону ошкор қавмашро даъват намуд ва назари ононро ба сӯи рамзу рози вуҷуд ва аҷоиботи ҷаҳони ҳастӣ ҷалб менамуд. Шаби тираву тор, осмони пур аз бурҷҳои фалакй, моҳи гардон, хуршеди фурӯзон ва замине, ки ба Рӯи он рӯдҳо ҷорӣ гашта ва зироъат ва меваҳо дзр он руёндааст, ҳамаи инҳоро аз забоне фасеҳ ва равон ва далелҳои дуруст ва қотеъ аз Худованди ягона ва нерӯе аҷиб ва мунҳасир ба фард ҳикоят мекунанд.
Ва ҳамин тавр Нӯҳ ҳамчунон бо қавмаш ба муҷодала ва мунозара мепардохт ва барои онон далел ва бурҳон меовард, то ин ки иддае бисёр кам аз қавмаш ба у имон оварданд, даъваташро иҷобат намуданд ва рисолаташро тасдиқ карданд. Аммо ононе, ки Худованд бар дили онон мӯҳр ниҳода буд ва бадбахтӣ бар онҳо пешй гирифта буд, ҳаргиз роҳи ҳидоятро дар пеш нагирифтанд. Онон аз бузургон ва ашрофи қавм буданд, ки ҳамдигарро дар мухолифат бо Нӯҳ пуштибонӣ ва ёрй мекарданд ва аз масхара кардани ӯ ва ночиз шуморидани назарияҳои ӯ аз ҳеҷ кӯшише дареғ намекарданд.
      Онон ба Нӯҳ гуфтанд: Ту фақат башаре монанди мо ва яке аз мо ҳастӣ ва агар Худованд мехост Паёмбаре бифиристад, албатта фариштаеро мефиристод ва мо низ ба суханонаш гӯш фаро дода, ба даъваташ ҷавоби мусбат медодем. Илова бар ин, онон, ки атрофи туро гирифтаанд, чӣ касоне ҳастанд?! Афроди аз табақаи паст ва поин ва бадбахти ҷомеъа бо ҳарфҳои беарзиш ва камарзиш ва назарияҳои нодуруст ва афкори нопухта ҳастанд, ки бидуни андеша тзслими ту шудаанд. Агар даъвати ту чизи хуб ва бо арзише мебуд, дар имон ба ту ин афроди паст бар мо сабқат намегирифтанд ва агар суханони ту ҳақ мебуд, мо ки зирак ва боҳуш ва дорои зеҳни соф ва пок ва фикри олй ҳастем, дар имон ба ту ва пайравӣ аз ҳидоятат гӯйи сабҳатро аз дигарон мерабудем. Онон сипас дар муҷодалаҳои лафзӣ ба ситеза пардохтанд ва фиреб ва ҳилагариро пешаи худ сохтанд ва ба Нӯҳ , гуфтанд: Эй Нӯҳ! Дар ту ва пайравонат фазилате бар худ намебинем, на дар ақлу ҳуш, на дар дурандешӣ ва риояи маслаҳат ва на дар огоҳӣ бар саранҷоми умур, балки гумони мо бар ин аст, ки шумо дуруғгӯёне беш нестед. Ёвагӯйиҳои онон бар нерӯи шикебоӣ ва андешаву ақли Нӯҳ камтарин асаре нагузошт ва у бо сабр ва ҳавсала дар ҷавоби онон гуфт: Оё агар дар сурате, ки , ман бар далели равшан ва ошкор аз ҷониби Парвардигори худ ва бурҳони гувоҳидиҳанда бар сидқи даъвои худ бошам — ки онро Худованд аз фазлу раҳмати худ ба ман додааст — ва шумо ҳадафро гум карда бошед ва ҳақиҳати умур бар шумо пинҳон монда бошад ва дар иштибоҳ ва дудилаги бошед ва бихоҳед хуршедро бо кафҳои дастон бипушонед ё ситорагонро бо дастони худ хомӯш кунед, оё магар дар он сурат ман метавонам шуморо ба пайравӣ аз худ ба зӯр водорам ва ба имони ба Худованд маҷбур намоям? Оё барои ин кор қудрате дорам? Онон гуфтанд: Эй Нӯҳ! Агар хоҳони ҳидояти мо боши ва хоҳи туро ерӣ диҳем, бирав ва ин афроди фурӯмояеро, ки ба ту имон овардаанд, аз атрофи худат бирон ва ононро аз сояи ҳимояти худ дур соз, зеро мо наметавонем дар канори онон бошем ва ба шеваи онон амал намоем ва ё дар имон ва эътиҳод ҳамтарози онон бошем. Чи гуна ба дине ҷавоби мусбат диҳем, ки дар он арбоб ва раъият яксонанд ва ашроф ва бузургон бо афроди пасти ҷомеъа бо ҳам баробаранд?! Нӯҳ (а) ба онон гуфт: Даъвати ман даъвате умумӣ аст ва ҳамагонро дарбар мегирад. Дар он афроди наҷиб ва саршинос бо афроди ношинос, ашхоси машҳур бо афроди гумном, сарватмандон бо фуҳзро ва арбоб бо раъият баробаранд. Фарз кунед, ки ман хостаи шуморо иҷобат намоям ва бо рондани пайравонам ба хоҳишоти шумо таҳаққуқ бахшам, дар он сурат дар нашри даьват ва таъйиди рисолатам ба чӣ касоне эътимод кунам? Чй гуна қавмеро аз худ биронам, дар ҳоле ки шумо маро тарк кардед, онон маро ёрӣ доданд ва дар ҳоле ки аз шумо ҷуз ситезакорӣ ва инкор чизе надидаам, суханонам ба аъмоқи даруни онҳо роҳ ёфта ва ҷой гирифтааст ва онон ҳамчунон бар дин пойдор ҳастанд ва ба суи Худо даъват мекунанд?! Агар онон дар пешгоҳи адли Илоҳй маро ба муҳокама кашида назди Худованд шикоят намоянд, ки ман хубии ононро бо бадй ва некии ононро бо носипосӣ ҷавоб додаам, ҳолу вазъи ман чӣ гуна мешавад? Ба ростӣ, ки шумо қавме нодон ҳастед. Ва чун муҷодала байни Нӯҳ ва қавмаш шиддат ёфт ва фосилаи байни онон зиёд гашт, аз вай хаста ва дилтанг шуданд ва ба ӯ гуфтанд: «Эй Нӯҳ! Муҷодалаат бо мо аз ҳад гузаштааст, пас он чиро, ки ба мо ваъда додаӣ, биёвар, агар аз ростгӯён ҳастӣ». (Ҳуд, 32)
       Нӯҳ бо истеҳзо ба онон гуфт: Шумо дар нодонӣ зиёдаравӣ мекунед ва дар ҳамоқат фурӯ рафтаед, ман кистам, ки барои шумо азоб биэварам ва ё онро аз шумо дафъ намоям? Оё ман ҷуз башаре нестам, ки ба ман ваҳй шудааст, ки Худои шумо.Худои ягона аст ва он чиро, ки ба он маъмур шудаам, ба шумо мерасонам ва гоҳе шуморо ба савоби Илоҳӣ мужда ва гоҳе аз азоби Илоҳӣ бим медиҳам?! Огоҳ бошед, ки бозгашти ҳама чиз ба сӯи Худост, агар бихоҳад шуморо ҳидоят мекунад ва агар ирода намояд , ба зуди шуморо ба зарар ва зиён дучор месозад ва агар бихоҳад ба шумо мӯҳлат медиҳад, то бар азобатон бияфзояд ва шуморо бештар ва шадидтар биёзорад. Барои он ки паёмбарон битавонанд рисолати худро ба сурати комил адо намоянд, Худованд дар муқобили азият ва озорҳо ба онон сабр ва дар муқобили душманон ба онон тоқату тавон ато намудааст ҳамон гуна, ки доманаи умедвории ононро вусъат бахшидааст, то мардум баъд аз ирсоли паёмбарон ҳуҷҷате бар Худованд надошта бошанд. Ва ҳар кас, ки куфр пеша намудааст, пас аз омадани паёмбарон баҳонае надошта бошад.
Нӯҳ аз паёмбарони улулазм буд ва нуҳсаду панҷоҳ сол дар миёни қавми худ ба сар бурд, бар азият ва озорашон шикебоӣ ва дар муқобили истеҳзояшон пойдорӣ намуд ва ба умед ва интизор нишаста ва ба он чашм духта буд, ки шояд рӯзе нури имон дар дили онон бидурахшад. Аммо ҳар чи ззмон тулонитар мешуд, саркашии онон меафзуд ва даъвати Нӯҳ бештар ононро гурезон мекард. Он гоҳ дигар ресмони умеди Нӯҳ пӯсид ва уфуқи орзуяш тираву тор гашт. Аз ин ру, дар ҳоле ки аз дасти қавмаш шикоят дошт, ба Худованд паноҳ бурд ва аз У илтиҷо карда, кӯмаку ёрӣ талабид ва аз вай хост, ки дар мавриди қавмаш, ки кӯшиши ӯ дар мавриди онон коргар наяфтода буд ва у аз имон овардани онон умедашро канда буд, ӯро ҳидоят намояд ва Худованд ба ӯ ваҳй фиристод: «Ҷуз ононе, ки ба ту имон овардаанд, дигар касе аз қавмат ба ту имон нахоҳад овард, бинобар ин нисбат ба корҳое, ки анҷом медиҳанд, ғамгин мабош». (Ҳуд, 36) Ва чун Нӯҳ дарёфт, ки Худованд калимаи худро ҳатмӣ гардонда ва мутобиқи ваҳй муқаррар намудааст, ки аз ин пас касе имон нахоҳад овард ва бар дили афроди қавмаш мӯҳр ниҳода шуда ва дилҳояшон чунон қуфл шудаает, ки дар муқобили ҳеҷ далел ва бурҳоне гардан хам намекунанд ва таслими имон ба Худованд намешаванд, сабраш тамом шуду гуфт: «Парвардигоро! Касеро аз кофирон бар рӯи замин боқӣ магузор, зеро агар ононро боқй бигузорӣ, бандагонатро гумроҳ хоҳанд намуд ва ба ҷуз фар- зандоне фоҷиру кофир ба дунё намеоваранд». (Нӯҳ, 26-27) 
      Худованд дуъояшро иҷобат намуд ва ба ӯ ваҳй фиристод, ки: бар асоси ваҳй ва зери назар ва нигаҳдории мо киштиро бисоз ва дар мавриди ситамкорон бо ман сухан магӯй, зеро онон бояд ғарқ шаванд. Нӯҳ ба маконе дур аз шаҳр рафт, тахтаҳо ва мехҳои зиёде фароҳам намуд ва шурӯъ ба кор кард, аммо боз ҳам аз сарзаниш ва истеҳзои қавмаш дар амон намонд. Гурӯҳе аз онон мегуфтанд: Эй Нӯҳ! Ту то имрӯз худро паёмбар ва фиристодаи Худо медонистй, чӣ гуна имрӯз наҷҷор шудаӣ? Оё аз пайғамбарӣ даст кашидаӣ ё ба наҷҷорӣ рағбат паёдо кардаӣ? Иддае дигар мегуфтанд: Чӣ гуна аст, ки киштиатро дур аз рӯдҳо ва дарёҳо месозӣ! Оё барои кашидани он говҳоеро омода намудаӣ ё баланд кардани онро ба нерӯи бод супурдаӣ? Аммо Нӯҳ нисбат ба истеҳзои онон аҳамият намедод ва каримона аз суханони беҳудаи онон мегузашт ва ба онон мегуфт: «Агар шумо моро масхара мекунед, рӯзе низ мо ҳамон гуна шуморо масхара мекунем. Ба зудӣ, хоҳед донист, ки азоби хоркунанда насиби чӣ касе аст ва шиканҷаи ҷовидон гиребони чӣ касеро хоҳад гирифт». (Ҳуд, 38 — 39) Ва ба суи киштӣ мерафт, тахтаҳои онро рост менамуд ва аҷзои онро ба ҳам васл мекард, то ин ки киштӣ бо тахтаҳо ва ресмонҳои маҳкам сохта шуд ва Нӯҳ мунтазири дастури Парвардигор монд. Он гоҳ Худованд ба ӯ ваҳй фиристод, ки ҳар замон дастури мо фаро расид ва нишонаҳои он падидор гашт, оҳанги киштии худ кун ва аз қавм ва хонаводаат он касонеро, ки имон овардаанд, бо худ бардор ва аз ҳар ҳайвоне як ҷуфт нар ва мода бо худ ба киштӣ биевар, то ин ки дастуои Худованд фаро бирасад. Дарҳои осмон боз шуд ва борони шадиде боридан гирифт ва чашмасорони замин ҷӯшиданд ва сел ба ҷойҳои бисёр баланд расид ва аз пастиҳо ва ноҳамвориҳо сарозер шуд. Ва Нӯҳ ба сӯи киштӣ шитофт ва ҳар он чиро Худованд аз инсонҳо ва ҳайвонот ва наботот дастур дода буд, ки ҳамл шаванд, савори киштй намуд. Ва киштй бо номи Худо то лангар андохтан бар рӯи обҳои хурӯшон ба ҷараён даромад. Гоҳе боде ором онро навозиш менамуд ва гоҳ дар миёни гирдбодҳои шадид ҳаракаташро идома медод на амзоҷи об дар печу хамҳо ва гирдобҳои ҳалоккунандае барои кофирон боз менамуданд ва кафҳои сафеди об барои ҷасадҳои онон кафан мебофтанд. Кофирон бо марг дасту панҷа нарм мекарданд ва марг бар онон чира мегашт, бо амвоҷ даст ба гиребон мешуданд, аммо амвоҷ онҳоро ба замин мезад то ин ки об тамсми онро дар худ фурӯ бурд ва чунон, ки розе дар дарун пӯшида мешавад, онҳоро дарҳам печид ва пӯшонд.Нӯҳ бар сатҳи киштӣ истода буд, ки ногаҳон фарзандаш Канъонро дид. Бадбахтӣ бар Канъон чира шуда ва аз падар дур гашта ва аз дини вай рӯйгардон шуда буд. Нӯҳ дид, ки писараш дар миёни мавҷҳои об фурӯ меравад ва дар баробари мавҷҳо аз худ дифоъ мекунад ва мекӯшад, ки худро ба кӯҳ ё теппае баланд бирасонад. шояд наҷот ёбад. Аммо марг ба ӯ наздик мешуд ва дар ҳоли ғэрқ шудан буд. Падар, ки ин манзараро медид, дилаш ба раҳм омад ва раҳму шафқати падариаш ҷӯшид ва ӯро фарёд кард ба умеди он ки нидояш дар дили ӯ таъсир кунад ва имон биёварад ва ё шуураш ба ҳаракат дарояд ва эътироф намояд. Ва ба ӯ гуфт: Куҷо меравӣ?! Эй фарзандам! Ту аз қазо ва қадари Илоҳӣ ба сӯи қазо ва қадари Илоҳӣ фирор мекунӣ, зудтар имон биёвар ва савори киштӣ шав, то ба хонаводаат бипайвандй ва ҷонатро наҷот диҳӣ: «Эй фарзандам! Ҳамроҳи мо савори киштӣ шав ва бо кофирон мабош». (Ҳуд, 42)
         Аммо ин суханон дар дили сиёҳи Канъон асар накард ва аз гӯшаш дуртар нарафт ва гумон кард, ки метавонад аз дасти такдир бигурезад ва дар ҷавоби падар гуфт: Аз ман даст бардор, чунки ман «ба зудӣ 
худро ба кӯҳе мерасонам, ки маро аз хатари об бираҳонад». (Ҳуд,43)
Нӯҳ дар ҳоле ки ғамгин ва нороҳат буд, гуфт: Эй фарзандам! «Имрӯз паноҳгоҳ ва ҳофизе дар муқобили амри Парвардигор вуҷуд надорад магар касе, ки Худо ба ӯ раҳм кунад». (Ҳуд, 45)
      Сипас мавҷ байни он ду ҷудоӣ афканд ва сел монеъи дидани онҳо шуд ва Нӯҳ дигар писари ҷигаргӯша ва пораи танашро надид ва дилаш моломол аз ғусса шуд ва мутаваҷҷеҳи он Худое шуд, ки паноҳи дармондангон ва ёридиҳандаи гирифторон аст ва гуфт: «Парвардигоро! Писарам аз афроди хонаводаи ман аст». (Ҳуд, 45). Ва ту ваъда намудаӣ, ки ман ва афроди мӯъмини хонаводаамро наҷот диҳӣ ва ваъдаи ту ҳақ аст ва ту беҳтарин ҳукмкунандаӣ.
Худованд ба Нуҳ ваҳй фиристод: Эй Нӯҳ! У аз хонаводаи ту нест, зеро бадбахтӣ бар ӯ пешӣ гирифта ва калимаи куфр бар ӯ устувор гаштааст, пас касеро аз хонаводаи худат ба ҳисоб наёвар, магар ин ки ба ту имон оварда ва рисолататро тасдиқ намуда даъвататро иҷобат карда бошад. Чунин касоне ба ростӣ аз афроди хонаводаи ту мебошанд ва ба чунин касоне ваъдаи наҷот ва идомаи ҳаёт додаам: «Ва ёрӣ кардани мӯъминон ҳаққе аст бар ӯҳдаи мо). (Рум, 47)
        Аммо он кас, ки рисолати туро инкор ва суханони Парвардигоратро такзиб намудааст, ӯ аз хонаводаи ту хориҷ ва аз шафоъати ту дур аст, ҳатто агар аз лиҳози силаи раҳм ва насаби хонаводагӣ пайванде ногусастанӣ бо ту дошта бошад, чунин касе бояд таъми маргро бичашад ва ба сарнавишти собит ва устувор ноил ояд ҳатто агар пушташ ба кӯҳе бошад ва ба паноҳгоҳе бисёр маҳкам паноҳ бурда бошад. Ва туро барҳазар медорам аз ин ки баъд аз ин чизеро аз ман бихоҳӣ, ки донише дар мавриди он надорӣ ва ё бо ман дар мавриди чизе муҷодала кунӣ, ки онро дарк намекунӣ: «Туро панд ва андарз ва ҳушдор медиҳам, ки аз ҷоҳилон бошӣ». (Ҳуд, 46)
        Дар ин ҳангом Нӯҳ дарёфт, ки эҳсосоташ вайро аз ҳақ ғофил карда ва дилсӯзиаш роҳи савобро бар ӯ бастааст, дар ҳоле ки шоиста буд ба хотири наҷоти худ ва мӯъминини ҳамроҳаш ва ҳалоку ғарқ шудани кофирон, Худовандро шукргузор бошад. Сипас ба Худованд паноҳ бурд ва аз гуноҳаш истиғфор намуд ва гуфт: «Парвадигоро! Аз ин ки аз ту чизе бихоҳам, ки донише дар мавриди он надорам, ба ту паноҳ мебарам ва агар маро наёмурзӣ ва ба ман раҳм накунӣ, аз зиёнкорон хоҳам буд». (Ҳуд, 47). Ва мавҷ байни ӯ ва фарзандаш фосила андохт ва фарзандро ғарқ кард ва ба коми марг фурӯ бурд.
Ҳангоме ки амри Худованд ба поён расид ва дафтари зиндагии ситамкорон барчида шуд. Осмон аз боридан боз истод ва замин обро дар худ фурӯ бурд ва киштӣ бар кӯҳи Ҷудӣ[5]  лангар андохт ва гуфта шуд: Ситамкоронро дурӣ аз раҳмати Илоҳӣ насиб бод! Ва ба Нӯҳ низ гуфта шуд: Худ ва он касоне аз қавмат, ки ба ту имон овардааед, ба саломат дар замин гом ниҳед, баракат шуморо дар бар мегирад ва мавриди назар ва инояти Парвадигор қарор хоҳед гирифт.

 4. Вадд, Яғус, Яъуқ ва Наср афроди сопеҳ ва некукоре аз наслҳои пеш аз қавми Нуҳ ва дар замсне, ки мардум яктопараст буданд, мезистанд. Пас аз марги онҳо мардум ба таҳрик ва игвои шайтон барои бузургдошти ёди он муҷассамаҳои ононро сохтанд, то онҳоро фаромӯш накунанд. Наслҳои баъд бо дидаи гакдис ва эҳтиром ба ин муҷассамаҳо менигаристанд ва саранҷом дар замони Нуҳ мардум ба ибодат ва парастиши ин муҷассамаҳо рӯй оварданд ва яктопарастӣ ҷойи худро ба ширху бутпарастӣ дод. (Мутарҷим) 
5. Ҷудӣ, кӯҳе аст баланд ва тӯлонӣ воқеъ дар ҷазираи ибни Умар дар қисмати шарқи рӯди Даҷла дар минтақаи Мусили Ироқ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here