Давлати Тохириён

0
4

     Давлати Тохириён дар асри IX дар Хуросон таъсис ёфтааст. Асосгузори ин сулола Тохир ибни Дусайн аз ашрофзодагони точики шахри кадими Пушанги Дирот мебошад. Ин давлат бо вучуди муддати кутохи таърихй (821-873) вучуд доштан, дар сарнавишти таърихии мардуми Хуросону Мовароуннахр барои аз зулму бедодгарихои ачнабиён озод шудани он ва таъсис намудани давлати мустакили махаллй хизмати бузург кардааст.

       Берахмихои дар хакки хонадони Бармакихо кардаи Аббосиён хам пеши рохи мардуми махаллиро гирифта натавонист. Намояндаи Тохириён Тохир ибни Дусайн яке аз музофотхои Диротро идора мекард. Вай хамчун лашкаркаши боистеъдод ва сиёсатмадори мохир дар дарбори халифаи араб — Маъмун сохиби обруву шухрат мешавад. Вакте ки соли 811 дар байни ду бародар — писарони Дорунаррашид — Амин ва Маъмун барои тахт чанг мешавад, Тохир ибни Дусайн лашкари Маъмунро сарварй намуда, галабаи комил ба даст медарорад. У соли 818 шахри Багдодро гасб намуда, барои ба сари тахт омадани Маъмун хизмати бузург мекунад.

       Маъмун хам некихои Тохир ибни Дусайнро кадрдонй карда, уро аввал хокими Алчазира (шимоли Байнаннахрайн) ва баъд фармондехи куввахои харбии пойтахти хилофат — шахри Багдод, сардори девони андоз дар Ирок таъйин менамояд. Соли 821 Тохир ибни Дусайн волии Хуросону Мовароуннахр таъйин мешавад ва дигар ба хилофати араб итоат намекунад. Мувофики фармони Тохир хангоми хутбаи намози чумъа дигар номи халифаро ба забон намегирифтанд. Ин маънои канда шудани робита бо Багдодро дошт.

        Тохир ибни Дусайн соли 822 вафот кард. Акидае вучуд дорад, ки уро захр дода куштаанд. Бо вучуди он ки баъди вафоти Тохир ибни Дусайн дар байни Тохириён ва халифа нохушие ба миён омад, халифа мачбуран писари Тохир — Талхаро ба тахт (822) шинонд. Акнун давлат на аз Багдод, чунон ки дар замони Тохир буд, балки аз Нишопур идора карда мешуд. Кариб тамоми корхои давлатй дар дасти Тохириён буданд, аммо андозу хирочи солона ба хазинаи халифа — ба Багдод фиристода мешуд ва баъзан сипохиёни Тохириён дар лашкаркашихои халифа мечангиданд.

        Талха шуриши дар Сиистон ба амал омадаро саркуб намуд. Баъд аз вафоти Талха Абдуллох ибни Тохир (828¬ 844) бо амри халифа Маъмун сохиби тахт шуд. Абдуллох яке аз лашкаркашони машхур буд. У дар гасб намудани Мисру Искандария корнамоихо нишон дод, онхоро ба каламрави хилофат хамрох кард. Абдуллох ибни Тохир бо диловариву накукорй сохиби шухрат гардид. Соли_834-835 музофоти Сиистонро хушксолй фаро гирифт. У барои начот додани мардум аз хазинаи давлат сесад хазор дирам чудо кард. Абдуллох ба худсариву бедодгарихои ашрофи махаллй зарбаи сахт зад. Дар корхои давлатдорй ба рухониёни ислом такя менамуд. Худаш мисли падараш шоир буд. Вай бо хар восита мекушид, ки зулму фишори заминдорон нисбат ба барзгарон кам шавад.

        У фармони махсус бароварда, ахволи барзгаронро кадре ба сомон овард. Баъди Абдуллох писараш Тохири II _(844-862) ба сари кудрат омад. Вай соли 862 вафот кард. У аз падараш бисёр корхои давлатдориро омухта буд. Давраи салтанати падару писар давраи нашъунамои фарханги мардуми эронинажод махсуб мешавад. Дар мамлакат нисбатан тартибу интизом чорй гардида, кишоварзй ва хунармандй ривоч меёбанд, зулму худсарихои ашрофу феодалон кадре суст мешавад ва илму маданият пеш меравад. Аз чихати сиёсат душмани асосии Тохириён хилофати Аббосй буд ва худи онхо ба хамон вилоятхое такя мекарданд, ки аксари ахолиашон форсизабон буданд. Махз аз хамин сабаб Тохириён ба адибон, шоирон, хусусан ба пайравони чараёни мухолиф (оппозитсия) — шуубихо рухсат доданд, ки оид ба таърихи пеш аз дини ислом, мардуми эронинажод асархо офаранд, кахрамонону подшохони пешинаро васфу ситоиш кунанд ва онхоро бо арбобони замони Тохириён киёс намоянд. Катъи назар аз ин, ахволи мардуми захматкаш, хусусан кишоварзону хунармандон, токатфарсо буд.

          Андозхои сершумор бори гароне буданд бар души ахолй. Дамаи ин боиси норозигии мардуми захматкаш мегардид. Дар натича ошубу шуришхо паси хам сар мезаданд, ки калонтарини онхо шуриши кишоварзони Сиистон (музофот дар Афгонистон) буд. Минбаъд дар заминаи давлатдории сулолаи Тохириён давлатхои бузург, ба монанди давлатхои Сомониёну Газнавиён, Карахониёну Салчукиён ва Гуриён ба вучуд омаданд. Бо хамин хукмронии Тохириён дар Хуросону Мовароуннахр ва музофотхои шаркии Эрон ба охир расид ва ба чои он соли 873 Саффорихо ба сари кудрат омаданд, ки то соли 903 салтанат ронданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here